РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад

Имрӯз, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати  Тоҷикистон бо  Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Дар кори Шуро вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва ҷараёни омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳо муҳокима мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram