РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Конфронси байналмилалии “Роҳ ба сӯи Тян-Шон” баргузор гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати нақлиёти кишвар ва бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Конфронси байналмилалии “Роҳ ба сӯи Тян-Шон” баргузор гардид.

Дар кори он 300 нафар  намояндаи баландпояи мақомоти давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзои  Иттиҳоди Аврупо, СҲШ ва ЭСКАТО, ТРАСЕКО ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии Сарвазири кишвар  Қоҳир Расулзода оғоз гардида, иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро аз номи Ҳукумати ҶТ хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки Конфронс ба 10-солагии имзои Созишнома байни Ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи фарҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ ва инчунин тадбиқи Созишнома дар бораи таҳкими ҳаикорӣ дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои ОМ, ки дар майдонҳои мулоқоти Панҷуми машваратии сарони давлатҳои ОМ 13 сентябри соли 2023 ба имзо расида буд, бахшида шуд. Дар доираи конфронс вохуриҳои кории вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ тибқи Созишнома миёни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ ”Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ”, мулоқоти вазирони нақлиётии Осиёи Марказӣ + Чин ҷиҳати баррасии равандҳо ва вазифаҳои ҷорӣ ва минбаъда дар соҳаи нақлиёт баргузор шуданд.

О. ШАРИПОВА,

Радиои Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram