РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Дар мавзуи “Саноатикунонӣ дар масири рушд”​ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид

​28 май бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси ҳизб ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти​ ​ Суғд дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи​ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Саноатикунонӣ дар масири рушд” доир гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Пеш аз оғози конфронс дар саҳни бинои кохи фарҳанг зиёда аз 35 корхонаи саноатии вилоят ва хоҷагиҳои ёрирасони ҲХДТ маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Ба меҳмонон, ки аз дигар манотиқи кишвар ҷиҳати иштирок ба конференсия омада буданд, сифати баланди маҳсулот ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ хеле писанд афтод.

Сипас, бо ҳузури роҳбарияти ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, сарварони як қатор донишгоҳу донишкадаҳо, олимону муҳаққиқони муассисаҳои олии ва миёнаи касбии ҳудуди вилоят, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорон, раисони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолону собиқадорон ва намояндагони ВАО конференсия ба кори худ оғоз бахшид.​

Кори конфронсро Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф меҳмононро ба Суғди бостон хайрмақдам гуфта, иброз дошт, ки​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромадҳояшон рушди саноати кишварро маҳаки асосии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд, ки бесабаб нест. Маҳз, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022 – 2026 дар кишвар «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

Тазаккур дода шуд, ки​ соҳаи саноат яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб ёфта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Аз ҷумла, дар зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон фароҳам оварда шуд, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Дар ин раванд дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар чор моҳи соли 2024 дар вилоят 53 корхонаву коргоҳи нав бо 377 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва хўрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда нигаронида шудаанд.

Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 428,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои муқоисавӣ ба 105,6 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 107,0 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра, дар маҷмўъ дар вилоят 243 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

Дар идомаи конфронс раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дар мавзӯи “Саноат омили рушди иқтисод”, ноиби Президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд дар мавзӯи “Иҷроиши ҳадафҳо, нақшаву стратегияҳо ва вазифагузориҳои самти саноат ҳамчун далел аз амалисозии нуқтаҳои муҳими Паём”,​ ​ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия дар мавзӯи “Саҳми соҳаи маориф дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии​ ​ иқтисодиёт”, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Сафарзода Бахтиёр дар мавзӯи “Аҳамияти саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар замони истиқлол”, ректори ДДҲБСТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оид ба “Манбаҳои ашёӣ, кадрӣ ва моддию техникии саноатӣ, ҳолат, мушкилот ва дурнамои ҳалли он”, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода дар мавзӯи “Фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар саноат, сармоягузорӣ, шарикии бахши хусусию давлатӣ ва дурнамои рушди он” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар баромадҳо таъкид шуд, ки рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ​ ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид.

Дар фарҷоми конфросн ба як қатор фаъолони ҳизб, соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо​ Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram