РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд

Кино ба ҳайси санъати нодир дар ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳамкорию равобити судманд байни халқу миллатҳо нақши арзанда дорад. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Дилрабо Мансурӣ 30 май зимни баргузории Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баён намуд. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар Шуро иштирокдорон доир ба фаъолияти Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар солҳои 2022-2023, пешниҳоди Шурои бадеии Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» оид ба баргузории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ҷараёни таҳияи филми муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ва ҷараёни иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси коргоҳи ҳунарпешагӣ дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи (ВГИК) ба номи С.А.Герасимови Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон масъули даъвати Комиссияи пешниҳоди асарҳои синамоии Тоҷикистон ба пурнуфузтарин Ҷоизаи байналмилалии Оскар (ИМА) ва APSA- Ҷоизаи осиёии синамо дар Австралия мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram