2 июн дар шаҳри Алмаато дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, инчунин самтҳои афзалиятдори робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.