1-2 июни соли 2024 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12-умин конфронси вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти унвони “Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 ” бо иштироки котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ – ҷаноби Ҳусейн Иброҳим Тоҳа, котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ — ҷаноби Хусрав Нозирӣ, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷаноби Азиз Абдухакимов, меҳмонони воломақом, вазирони сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ ва намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва дохилӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори чорабинии мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муминзод Камолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси иҷлосияи 11-умин Конфронси исломии вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон) роҳбарии раёсатро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорид.
Сипас вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷаноби Азиз Абдухакимов, котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ – ҷаноби Ҳусейн Иброҳим Таҳа бо суханҳои ифтитоти кори конфронсро расман ифтитоҳ намуданд.
Дар рафти конфронс ду иҷлосияи корӣ ташкил карда шуд.
Дар иҷлосияи якум рӯзнома ва барномаи кории конфронси вазирони сайёҳии СҲИ қабул гардида, ҳисоботи роҳбари 11-умин ҷаласаи вазирони сайёҳии СҲИ ва инчунин маърӯзаҳои кишварҳои аъзои СҲИ шунида шуд.
Дар қисми дуюми иҷлосияи корӣ изҳороти вазирон ва сарони ҳайатҳо шунида шуда, қарорҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар фазои СҲИ қабул карда шуд.
Илова бар ин, сана ва ҷои баргузории 13-умин конфрони вазирони сайёҳии СҲИ муайян гардида, шаҳрҳои сайёҳии СҲИ барои солҳои 2025, 2026 ва 2027 ба ҳозирин аз ҷониби котиботи СҲИ эълон карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа суханҳои хотимавии котиби генералии СҲИ ва роҳбари 12-умин конфронси вазирони сайёҳии СҲИ шунида шуда, эъломияи 12-умин конфронс аз ҷониби кишварҳои узв қабул гардид.