РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии СААД бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев иштирок намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев паёму таманниёти гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба талошҳои ҷониби Қазоқистон дар давраи раёсати он дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баҳои баланд доданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи Парламентӣ ба таъмини самаранокии Созмон дар ҳама самтҳои фаъолияти он мусоидат хоҳад намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram