РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

3 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии фаъолияти Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар доираи Барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 баррасӣ гардиданд.

Сироҷиддин Муҳриддин аз сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, ба Ашита Миттал барои фаъолияташ ба ҳайси намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуд ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram