РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад

Аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.

Ба ин муносибат пагоҳ, 5 июн аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ пешниҳод мегардад, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд.

Ҳамчунин 7 июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар осори Мавлоно» маърузаҳои олимони маъруф аз саросари ҷаҳон манзур мегарданд.

Шоми 7 ва 8 июн таҳти унвони «Оҳангҳои ҷовидонӣ»  барномаи фарҳангӣ аз осори Мавлоно пешниҳод мегардад.

Ин барнома имкон медиҳад, ки таъсири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад. Он ба олимон, санъаткорон ва оммаи васеъ имкони пурарзиш фароҳам меорад, ки ба ҳам омада, ба саҳми амиқи ӯ дар адабиёт, фалсафа ва маънавият баҳо гузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби тарроҳони чирадасти мамлакат намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ доир мешавад.

Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин буда, тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Шоир соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон давоми солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram