4 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Ҷопон Суҷи Киото мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот вазъи кунунии равобити дуҷониба дар самтҳои гуногун, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду мамлакат дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардид.