РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2024 баён гардиданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба шаҳри Ҳисор рафта, бо якчанд корхонаи саноатӣ  ва корҳои саҳроӣ шинос гардид. Дар ин бора аз Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаҳои Шӯроби Афғон ва Мортеппаи  Ҷамоати деҳоти Сомон бо фаъолияти корхонаи саноатии истеҳсоли хишти пухтаи ҶДММ «Тоҷикавтокараван»  ва бо корҳои саҳроӣ дар хоҷагии  «Баракати Ватан» шинос шуда, майдони кишти картошка ва полезиҳоро, ки бо усули қатрагӣ обёрӣ мешавад, диданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Ғайратобод дар Маркази савдо ва хизматрасонии «Алмосӣ» бо толорҳои фурӯши маводи хӯрокворӣ, сару либос, пойафзол, матоъ ва нуқтаҳои хизматрасониву бозии кӯдакон, тарабхона шинос шуда, ба фаъолият ва сифати хизматрасонии масъулини марказ баҳои баланд доданд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор бо ҷараёни сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Султон Раҷабов ва Мирзо Турсунзода, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Ҳисор-Сохтмон» ва «Себистон» бунёд мегарданд, шинос шуд.

Ба муовини Сарвазир масъулини ширкати сохтмонии «Себистон» иттилоъ доданд, ки тарҳи бинои сегонае, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода бунёд меёбад, дар Тоҷикистон беназир  буда, ду бинои он 17 ва яктои дигар 20-ошёна сохта мешаванд. Дар чор ошёнаи аввал марказҳои савдою хизматрасонӣ, кинотеатр, утоқҳо барои хизматрасонии бонкӣ, парку майдончаҳои истироҳатӣ, гӯшаҳо барои бозиҳои кӯдакона, истгоҳ барои мошинҳо ва ғайра дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳа, иншоот соли 2026 ба истифода дода мешавад.

Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони «Аквапарк», ки аз ҷониби ҶДММ «Фаррух» бунёд мешавад, шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аттраксионҳое, ки насб мегарданд, намунаҳои навтарин буда, бори аввал ба мамлакати мо ворид шуда, нахуст дар шаҳри Ҳисор мавриди истифода қарор мегиранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram