Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид. Даври шаҳрии озмун аз 20 то 25 июн доир гардида, дар он 348 нафар довталаб аз 4 ноҳияи пойтахт иштирок мекунанд, иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанги мамлакат, дар даври аввали озмун аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе 603 довталаб — 151 нафар аз ноҳияи Сино, 160 нафар аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 165 нафар аз ноҳияи Шоҳмансур ва 127 нафар аз ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 348 нафар (188 нафар аз 18 то 35 сола ва 160 нафар аз 12 то 17 сола) роҳхат гирифтанд.
Озмун дар байни 3 гурӯҳ доир гардида, дар он истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
Тибқи Низомнома, ба озмун суруду оҳанг ва асарҳои мусиқие пешниҳод мешаванд, ки тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгонро дар бар мегирад.
Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст.