19-уми июни соли 2024 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо роҳбари намояндагии Маркази фарҳангию ҳамкории Россия дар Тоҷикистон Патрушев Андрей Валеревич мулоқот намуд. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Зимни мулоқот рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи синамо матраҳ гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои судманд ибрози назар намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар муассисаҳои таълимии ихтисосии театру синамои Россия, аз ҷумла таҳсили довталабон аз Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи синамо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифтанд.
Хотинишон гардид, ки бо ташаббус ва заҳматҳои рӯзафзуни Пешвои миллат дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография коргоҳи ҳунарпешагӣ аз Точикистон таъсис дода шуд. Дар қадамҳои аввал ба 15 нафар довталабон аз Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки дар асоси бурсияҳои Агентии федералии Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар коргоҳи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография дар давраи таҳсили солҳои 2024-2025 маҳорати ҳунарпешагиро аз худ намоянд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дар оянда афзун намудани шумораи довталабон то ба 25 нафар, аз рӯйи ихтисосоҳои коргардонӣ, наворбардорӣ, рассомӣ, пардозгарӣ, филмноманависӣ, мутахассиси оташбоз ва дигар касбҳои зарурии соҳаи синамо изҳори андеша карда шуд.