РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ баррасӣ гардид

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори иҷрояи Шурои соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва роҳбарони ширкатҳои амрикоӣ, аз ҷумла «Medtronic», «Thomas Greg & Sons Limited», «GE Vernova», «Visa», «White & Case LLP», «Unitex», «FLS» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот муовини аввали Сарвазири мамлакат доир ба ислоҳоти амалинамудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши молиявӣ ва хусусӣ сухан намуд.

Баъд аз муаррифии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби ширкатҳои амрикоӣ доир ба фаъолияти кунунии онҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бахши хусусии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Дар доираи вохӯрӣ мулоқоти алоҳидаи роҳбарони ширкатҳои амрикоӣ бо вазирони саноат ва технологияҳои нав, адлия, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, муовинони якуми вазирони молия ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Бонки миллӣ, муовини сардори Саридораи геология ва муовини Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тибқи тавофуқҳои ҳосилшуда, дар доираи сафари ҳайат баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, молия, рақамикунонӣ дар назар дошта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram