23-24 июни соли 2024 дар Теҳрон нишасти 19-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар суханронии роҳбари ҳайат ва Баёнияи Теҳрон, ки аз натиҷаи нишаст қабул гардид, аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об, хоссатан Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм дарҷ гардида, зарурати тақвияти талошҳо барои татбиқи ҳадафҳои ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст.
Дар фарҷоми нишаст намояндаи Давлати Кувайт Дабири кулл ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё барои се соли оянда интихоб гардиданд.