25-уми июни соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Конференсияро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро ба муносибати яке аз ҷашнҳои муҳимму таърихӣ барои давлат ва миллати тоҷик, Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба навро таманно намуд. Қайд гардид, ки маҳз, сулҳу ваҳдат ва озодию соҳибихтиёрӣ дар кишвари мо бо талошҳои ҷонфидоёнаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароиту вазъияти басо мураккаб ба даст омад. Маҳз дар натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз вартаи фалокат раҳоӣ ёфта, ба яке аз мамлакатҳои пешрафта мубаддал гардид.
Дар идома маърузаҳои Шарифзода Ҷамолиддин – директори Маркази илмӣ-тадқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва Маҳмудзода Давлатшоҳ – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Идеологияи Ваҳдати миллӣ-омили рушди ҷомеа» шунида шуд.
Дар чорабинӣ инчунин кормандони ҷавон ва собиқадорони соҳа баромад намуда, ёдовар аз он шуданд, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон мавриди омӯзиши дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.