РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид

Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳи унвони «Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад иштирокдорон аз рисолат ва нақши матбуоти маҳаллӣ ёдоварӣ шуда, иброз доштанд, ки рӯзномаи «Насими айём»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо фарогирӣ ва инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлилу баррасии мушкилоти мавҷуда дар таъмини мардум бо иттилооти саҳеҳ ва дақиқ нақши арзанда мегузорад.

Гуфта шуд, ки матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии ғояҳо ва татбиқи мақсадҳои хеш истифода менамояд. Дар мамлакати мо низ матбуот чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки бо туфайли сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар сафи пеш қарор доранд.

Рӯзномаи «Насими айём» дар вазъи рушди иттилооти маҷозӣ, шабакавӣ, расонаҳои интернетӣ, ки ақлу хиради ҷавононро ба доми ифротгароӣ ва хушунат ҷалб мекунанд, фазои иттилотиро бо таблиғи асолатҳои башарӣ, каломи ибратомӯзи ваҳдату ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳушёрии сиёсӣ пур мекунад.

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ шумораи идонаи рӯзномаи «Насими айём» иборат аз 8 саҳифа рӯйи чоп омад ва дастраси хонандагон гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram