РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Ҷаласаи XXI-уми ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Дар Меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе Ҷаласаи XXI-уми ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»- и кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Ҷаласаро муовини вазири фарҳанг-Сафарзода Давлат Шариф оғоз намуда, баргузории чунин озмунҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба он ноширон маҳсули кори хешро пешниҳод намудаанд.

Қобили қайд аст, ки дар ин ҷаласа намояндагони Ҷумҳуриҳои Беларус ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram