РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард

5-уми августи соли равон мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саад Хон доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои муштаракро дар самти фарҳангу ҳунар ва рушди инфрасохтори муассисаҳои фарҳангӣ дар маҳалҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Назари неки ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи якҷояи барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи фарҳанг иброз гардид ва таъкид гардид, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам тавсеа меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram