10- уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, доир ба ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш бой мебошад ва Ҳукумати мамлакат ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши тибби халқӣ ва рушди саноати дорусозӣ, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар ин кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.