РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маркази миллии тестӣ: «Давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ оғоз ёфт»

Аз 12 то 15 август давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доир мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси баллҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии «Довталаб», яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 19 август эълон мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тақсимоти такрорӣ довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси баллҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, инчунин довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар ин тақсимот, довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)‑ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш метавонад тавассути телефон (рақамҳои 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram