РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ОГОҲӢ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13-15 август дар якчанд ноҳияи кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва наҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел эҳтимол дорад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт намоянд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Инчунин сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Кумита аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳо, ҳезум, шикор ва ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ маслиҳат дода намешавад.

Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram