РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Теҳрон “Шаби Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” баргузор гардид

11 августи соли 2024 дар толори Фирдавсии Хонаи андешмандони улуми инсонии Эрон бо ибтикори маҷаллаи маъруфи “Бухоро” ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон нишасти фарҳангии “Шаби Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли адаб, ҳаводорони осори Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Нишасти мазкурро Алии Деҳбошӣ – сардабири маҷаллаи “Бухоро” ифтитоҳ намуда, дар бораи собиқаи нашри мероси устодон Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ суханронӣ кард.

Дар идома донишмандони Эрон Алиашрафи Шабистарӣ, Масъуди Ирфониён, Ораши Эронпур, Муҳсини Фараҳбар, Гударз Раштиён, Лодин Алампур ҳамчунин муҳаққиқи тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ (маҷозӣ) дар бораи нақшу ҷойгоҳи Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти тоҷик ва ҳифзи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин китоби “Номаҳои Абдулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ”, ки аз ҷониби пажуҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар ба хаттӣ форсӣ баргардонида шуд ва тавассути интишороти “Шероза”-и Эрон ба чоп расид, рӯнамоӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram