РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«ТАРОНАИ ШАРҚ». Дар Фестивали ХIII байналмилалӣ мусиқии суннатии тоҷик муаррифӣ мегардад

Аз 26 то 30 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб мусиқии суннатии тоҷикро дар ин фестивал муаррифӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар доираи фестивал дар мавзуи «Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардад.

Ҳадафи ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram