Имрӯз дар вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони гуногункасб мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мукофот ва унвонҳои давлатӣ ба 17 намояндаи гуногункасби вилоят тақдим гардид.
Ҳамчунин имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад.
Нахуст дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат 3 муассисаи нави таълимӣ ва як ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун низ муассисаҳои нави таълимиро ифтитоҳ мекунад.
Тафсилоти бештари хабар нашр мегардад.