Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирок намуданд.
Доир ба мақому манзалати Истиқлол ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли миллӣ, Вазири фарҳанг- Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири фарҳанг-Сафарзода Давлат Шариф ва Абдулфаттоҳ Аминов- директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандон мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардид.