2 сентябри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдид дар ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз шароити хизматӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳаммом ва дигар шароитҳои моддӣ-маишии Шуъбаи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Мавриди қайд аст, ки Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои дар шароити мусоид фаъолият намудани кормандони милитсия тамоми тадбирҳоро андешида, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.