Имрӯз бо ибтикори Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.
Дар Конфронс намояндагони доимӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, профессорон ва ходимони илмӣ ва донишҷўёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон олимону донишмандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конфронс иштирок карданд.
Конфронси мазкурро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Ф. Х. бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар бораи нақши зиёиёни точик, эҷодиёти оламшумули мутафаккирони барҷастан точик, дар ҷаҳони ислом ва хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи расмӣ гирифтан ва инкишофи мавқеи кишвар ба ҳозирин маълумот дод.
Конфронси мазкур имрӯз оғоз гардида ва фардо идома меёбад.
Инобати Икром,
Радиои «Фарҳанг»