РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Панҷакент ду хати оби полезӣ ба истифода дода шуд

24 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ду хати оби полезӣ барои заминҳои деҳаҳои Ғӯсари поён ва Зарринруд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Лоиҳаи таъминоти заминҳои ин минтақа бо оби полезӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, шарикони рушд ва саҳми аҳолӣ татбиқ гардидааст.

Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» амалӣ шуда, он имкон хоҳад дод то садҳо гектар замин обёрӣ карда шавад. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки хати оби полезии деҳаи Ғӯсари поён ба маблағи умумии 3 миллиону 630 ҳазор сомонӣ кашида шудааст. Хати оби полезӣ бо қубурҳои қутрашон 400 мм аз пойгоҳи обкашии «Дупула» кашида шудааст, ки масофаи он 4200 метрро ташкил медиҳад. Ин тадбири муҳим ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, бо кашидани хати оби полезӣ 246 гектар заминҳои кишоварзии деҳаи Ғӯсари поён бо оби полезӣ таъмин шуданд, ки аз ин масохат 39 гектарро заминҳои наздиҳавлигии сокинон, 40 гектар заминҳои нав азхудшуда ва боқимонда заминҳои солҳо бекорхобида мебошад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби полезии деҳаи Зарринруд бошад беш аз 100 гектар заминҳои деҳаи Зарринруд бо оби полезӣ таъмин шуданд. Ин лоиҳа бо маблағи 1 миллиону 298 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда, ба масофаи 1660 метр аз пойгоҳи обкашии «Дупула» об оварда шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон барои истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳо дода, татбиқи чунин лоиҳаҳоро барои обёрии заминҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram