Магистри Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Фарида Нуруллоева дар Озмуни VII байналмилалии арғунуннавозон ба номи А.Ф. Гедике сазовори ҷойи сеюм гардид.
Тавре дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид.
Арғунун яке аз қадимтарин асбоби мусиқӣ дар тамоми таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар Тоҷикистон навозандагони он кам мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои арғунун» доир карда шуд. Дар он арғунуннавозон аз тамоми давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.