Имрӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии “Ҳамоиши бузургдошти Мавлоно” ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён аз факултетҳои филология ва журналистика иштирок намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст декани факултети филологияи тоҷик Сироҷидиини Эмомалӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар байни сухансароёну бинишварони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷику форс ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш тули 810 сол инҷониб маъруф аст. Шоҳкориҳои адабиву ирфонии ӯ, амсоли «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Девони Шамс», «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Мактубот» осори пурарзише ҳастанд ва кулли масъалаҳои ин китобҳо ба тарбияи инсони комил бахшида шудаанд.
Баъдан, профессор Нарзиқул М. доир ба “Мулоҳизаҳо оид ба шеваҳои маърифати каломи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ва профессор Солеҳов М. доир ба “Ҳикоёти ёвар дар дафтари якуми “Маснавии маънавӣ”” баромад намуданд.
Зикр гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ориф ва файласуфи диниест, ки тавонист аз устураҳои диниву қавмии хеш таълимотеро ба вуҷуд орад ва ба василаи он ҳам марҳилаҳои рушди шахсияти худро ифода созад ва ҳам дар заминаи ин мероси мондагор насли минбаъдаи худро новобаста аз догмаҳои қавмиву динӣ ба шинохти инсоният ҳидоят кунад.
Инчунин, дар зимн донишҷӯён аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ намунаҳо қироат карданд.
Дар охир мулоҳизаҳо ва муҳокима дар атрофи ашъор ва шеваҳои маърифати каломи Мавлонон сурат гирифт.