РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конфронси адабӣ-фарҳангӣ доир гардид

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо» конфронси адабӣ- фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Таҷрибаи инсонӣ борҳо исбот намудааст, ки мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға, намунаи олии чунин арзишҳо аст.

Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, диққати муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш суруду мусиқӣ садо дода, донишҷӯён аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабияш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Рейнолд Николсон давоми солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram