Шуруъ аз имрӯз то 25 июли соли 2025 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва навсозии кӯчаи Низомии Ганҷавӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода намоянд.