Дар толори Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулзода, роҳбарони дигар ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони пешқадаму натиҷадор иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар ҳамроҳон аз намоиши маҳсули дастранҷ ва дастовардҳои кормандони соҳаи маориф дидан карда, бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз наздик суҳбат карданд.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва дигар иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва забони давлатӣ шодбош гуфта, дар хусуси гиромидошти забони давлатӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.
Дар ин раванд, аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорони собиқадори вилоят ёдорварӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳар як омӯзгори касбию собиқадор бояд мактаби устоду шогирдро дошта бошад ва дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузорад.