РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус мулоқот кард

3-юми октябр дар Вазорати фарҳанг мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович доир гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Беларус баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram