РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Шаҳринав бо раванди корҳои саҳроиву сохтмонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи мақсадноки замин ва беҳдоштиву сабзазоркунӣ шинос гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода инчунин бо иншооти ҷашнӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сохта мешаванд, шинос шуд.

Ҳамзамон барои тақвияти корҳо дар самти ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори ин ҷашни пуршукуҳ ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram