РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид

Таҷлили бошукуҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи «Фалак» ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллиамон маънидод мегардад. Ин нукта 9 октябр дар ҷамъомади фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи фалак дар шаҳри Ҳисор баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 10 октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад, ки он яке аз мусиқиҳои суннатии мардуми кӯҳистони Тоҷикистон аст.

Дар ҷамъомади фарҳангӣ таъкид гардид, ки дар шаҳри Ҳисор соли 2015 дар назди Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо ҷалби овозхонҳои соҳибистеъдод ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд. Ҳайати ансамбл дар баргузории ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ нақши назаррас дорад.

Дар ҷамъомад адибон ва ҳунармандон аз таърихи фалаксаройӣ сухан гуфта, таърихи ин жанри воло ва қадимии мусиқии тоҷикро бозгӯӣ намуданд.

Ба як зумра овозхонони ансамбли «Фалак» -и шаҳри Ҳисор Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram