РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд, хабар доданд аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла робитаҳои судманди байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид.

Нахуст Рустами Эмомалӣ меҳмони арҷманд- Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар- Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкории бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram