Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи аҳли санъату ҳунари қатарӣ ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса шахсони масъули Осорхонаи миллӣ истиқбол гирифта, аз ҷониби кормандони илмии муассиса ба онҳо бо забони арабӣ ва англисӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, давлатдории Сомониён ва ёдгориҳои нодири ин давра дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.
Ҳамин тавр, аҳли санъату ҳунари давлати Қатар аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта карданд.