22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад, ки то 24 октябр идома меёбад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад сатҳи донишамонро пайваста мукаммал гардонем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар намоиши байналмилалии китоб намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.