РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мешаванд

Аз 24 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.  Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат  то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram