РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст мешавад

26-27 ноябр дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Маросими даври ҷамъбастии озмун 27 ноябр, соати 18:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram