РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кор оғоз намуд.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои ахбори омма, шарикони рушд ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз цумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбати онҳо, таҳлил ва оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамроҳ шудан ба иқдоми умумиҷаҳонӣ оид ба манъи ҷазои ҷисмонӣ, баррасии дурнамои ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдак, тақвияти кори комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи кӯдак, механизми арзу шикоятҳо дар қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии котибони мақомоти васоят ва парасторӣ ва аъзои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳукуқи кӯдак унвон гардид.

Зеваршоҳи Уктамшоҳ,

Радиои “Фарҳанг”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram