21 ноябр дар шаҳри Омски Федератсияи Русия Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум кормандони ҷавони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе иштирок доранд.
Дар форум, ки 3 рӯз идома меёбад, ҷавонони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок мекунанд.
Иштирокдорон дар 6 самт (сиёсатшиносӣ, сиёсати ҷавонон, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, таърих ва иқтисодиёт) лоиҳаҳои таҳқиқотӣ омода карда, зимни форум онҳоро ба мутахассисон муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки форум маротибаи чорум баргузор мегардад ва давоми ин муддат дар он зиёда аз 100 ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намудаанд.
Форуми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба дӯстии ҷавонон, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва урфу одат мусоидат менамояд.