Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрўз Рустамзода, доктори илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифзода, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва кормандони зерсохторҳои Кумита ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони мо Парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои ҷаҳон баланд мебардоранд. Имрӯз мо бояд зери ин Парчам муттаҳид бошем.
Инобати Икром,
Радиои «Фарҳанг»