РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар доираи он 26 ноябр дастаҳои машҳури ҳунарии Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар барномаи консертӣ беҳтарин намунаҳои санъати рақсию овозхонии халқӣ ва касбии Беларус ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунин меҳмонон ва ҳунармандонӣ беларусӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» шинос шуданд.

Дар боғи зимистонаи «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ба меҳмонон бо сурудҳои тоҷикию беларусӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобили судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баргузор мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram