РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» доир шуд. Дар ин бора аз Донишкадаи мазкур хабар доданд.


Дар кори форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доштанд. Аз ҷумла, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дар вохӯрӣ ширкат кард.


Қайд гардид, ки тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.
Дар доираи форум миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади ҳамкориро ректори ДДСТДТ профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва муовини якуми ректори ДДТБ номзади илмҳои техникӣ Сакович Андрей Андреевич имзо карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram