РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” ҷамъбаст шуд

Имрӯз дар толори Кохи Суруш маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” ва қадрдонии ғолибони он баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Дар маросими тантанавии супоридани туҳфаҳо ба ғолибон Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иштирокдорони озмун иштирок намуданд.
Қабл аз маросими ҷоизасупорӣ намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.

Дар Намоишгоҳ хонандагону донишҷӯён маҳсули дасти худро дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ва ихтироъкорӣ ба маърази тамошо гузоштанд.


Дар қисмати тантанавии чорабинӣ нахуст Масрур Абдуллозода, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар шароити имрӯз вобаста ба пешравиҳои илмӣ-техникӣ аз худ намудани касбу ҳунарҳои миллию муосир шарти муҳиму зарурӣ буда, барои дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир шудани мутахассисон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат менамояд. Дар ин замина, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар пайи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз худ кардани махсусияти истифодаи техникаву технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароит муҳайё гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.


Дар идомаи чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар назди Кумитаи мазкур имрӯз 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.


Сипас, Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад карда, зикр дошт, ки ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин созмон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисерҷониба муносиботи ҷонибҳоро пеш мебаранд, аз ҷумла дар соҳаи маориф.


Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки дар замони муосир новобаста аз шакл ва намуди идоракунии давлат, маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, рӯй овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки аз ҳама имконият истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонро бояд таъмин кард.


Дар маросими тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 10 номинатсия медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, “Сипоснома”-и кумита тақдим карда шуд.


Қобили қайд аст, ки дар ҷомеаи муосир бо шуғли муносиб фарогирии аҳолӣ, хусусан ҷавонон яке аз воситаҳои асосии бадастоварии баробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фарогирии ҳарчӣ бештари онҳо ба шуғли пурмаҳсул ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Дар ин замина, бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амалия истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯи номинатсияҳои «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин», «Кафшергари барқию газӣ», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Дуредгар», «Дӯзанда», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» ва «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» дар соли 2024 баргузор шуд.


Дар чорабинӣ, ҳамзамон, барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз рақсу таронаҳои миллию ватандӯстӣ манзури бинандагон гардонида шуд.


Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буданд. Даври ниҳоии озмун рӯзҳои 26-27 ноябри соли равон дар литсейҳои касбии техникии дӯзандагӣ, сохтмонӣ ва политехникии шаҳри Душанбе миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram