РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад

11 декабр дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи чоруми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд. Ҷаласаи корӣ то 13 декабр идома меёбад, хабар доданд аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагон аз раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок доранд.

Лоиҳаи Кодекси энергетикӣ, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад, фарогири масъалаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, азхудкунии манбаъҳои барқароршавндаи энергия, неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ буда, муносибатҳоро дар ин самт ба танзим медарорад.

Дар ин замина таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медароранд, дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram