РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имсол дар Хатлон 500 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд

Имсол дар вилояти Хатлон  500 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд. То имрӯз беш аз 259 ҳазору 800 бех дарахт шинонида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии мамлакат то соли 2040» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 750 миллион бех дарахт шинонида мешавад.

«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  яке аз иқдоми муҳими  мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти  обу иқлим  арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад.

Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2025 тасдиқ  шудааст, доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram